Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия

01.08.2016 11:19, Индонезия

Изҳороти муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 

 

1. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷаноби Олӣ Ҷоко Видодо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 31 июл - 2 августи соли 2016 аз Ҷумҳурии Индонезия боздиди расмӣ ба амал овард.

2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия дар фазои гарму самимӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин масоили минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд анҷом доданд. Президент Ҷоко Видодо аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ самимона истиқбол намуд.

3. Ҷонибҳо  ҳамраъйии хешро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои наздик баҳри таҳкими сулҳу субот, амният ва рушди устувори минтақа таъкид карданд.

4. Ду роҳбар ба робитаҳои дӯстона ва ҳамкории шарикии байни ду кишвар бо қаноатмандӣ ишора намуда, зарурати тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи ҳавзаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, саёҳат, фарҳанг, илм ва маорифро таъкид намуданд. Дар ин замина Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои зерин густариш хоҳанд дод: 

Ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ

5. Ду роҳбар ба тавофуқ расиданд, ки дар оянда низ робитаҳои мутақобилан судмандро дар сатҳи олӣ идома медиҳанд. Ҳар ду ҷониб густариши робитаҳо ва ҳамкориҳоро дар сатҳҳои мухталиф ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Индонезия ва инчунин таъмини сулҳу субот ва рушди минтақа муҳим мешуморанд.

6. Ҳар ду ҷониб табодули боздидҳои мақомҳои баландрутба ва аъзои парлумонҳои ду кишварро ташвиқ намуданд.

7.Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд.

8. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳар ду ҷониб фаъол намудани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар ва роҳандозии ҳамкории наздикро дар ҳошияи Ассамблеяи парлумонии Осиё ва ниҳодҳои дигари минтақавию байналмилалӣ таъкид намуданд.

9. Ҳар ду роҳбар нақши намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро дар самти тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва фаъолсозии ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои мухталифи давлатию хусусии ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Ба ин мақсад ҷониби Тоҷикистон эълом намуд, ки ният дорад дар ояндаи наздик Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индонезияро таъйин намояд.

10. Ҳар ду роҳбар нисбат ба таҳдидҳои воқеӣ ва умумие, ки терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ дар минтақа ва ҷаҳон эҷод кардаанд, нигаронии амиқи хешро баён намуданд. Дар ин замина ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои мазкур ба мувофиқа расиданд.

11. Ҳар ду роҳбар аз санадҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм ва табодули маълумоти иктишофӣ марбут ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм, ки дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба имзо расиданд, истиқбол карданд.

12. Ҳар ду роҳбар таъкид намуданд, ки имзои санадҳо оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ робитаҳои байни ду кишвари дӯстро таҳким мебахшанд.

Ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ

13. Ҳар ду роҳбар қарор карданд, ки аз имкониятҳои фарохи иқтисоди кишварҳои ҳамдигар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, молия, бонкдорӣ, нерӯи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика, саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ ва либосдӯзӣ, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, саноати хӯрокворӣ, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нафту газ, содирот ва воридоти алюминий ва пахта, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, нақлиёт, логистика ва сайёҳӣ истифода хоҳанд кард. Ду роҳбар мақомоти дахлдорро дастур доданд, ки роҳандозии ҳамкориҳоро дар арсаҳои мазкур ҳамоҳанг созанд.

14. Ҷониби Индонезия пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсиси Бунёди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистон ва Индонезияро баррасӣ хоҳад кард.

15. Ҳар ду роҳбар бар ин назаранд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникии Тоҷикистон ва Индонезия дар тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд нақши муҳим доранд. Дар ин замина ҳар ду роҳбар баргузории мунтазами ҷаласаҳои байни вазоратҳои соҳавиро барои таҳияи барномаҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддати ҳамкориҳо зарур мешуморанд.

16. Ҳар ду роҳбар рағбати хешро ҷиҳати таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Индонезия таҳти сарпарастии палатаҳои савдову саноати ду кишвар изҳор намуданд. Дар ин росто ҳар ду роҳбар аз бахши хусусӣ ва соҳибкорон барои иштирок дар форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои таблиғотии тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои якдигар даъват ба амал оварданд.

17. Ҳар ду роҳбар ҷиҳати таъмини заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва фазои муносиб барои фаъолияти самараноки сармоягузорон ва ширкату корхонаҳои ду кишвар, ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Индонезия, аз ҷумла дар минтақаҳои озод ва махсуси иқтисодии ду кишвар, омодагии худро изҳор намуданд.

Ҳамкориҳои дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф

18. Ҳар ду роҳбар бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои муштараки тамаддунӣ, фарҳангӣ ва зарфиятҳои фаровони ду кишвар дар заминаҳои инсонӣ, ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф густариш медиҳанд.

19. Ҳар ду роҳбар қарор карданд, ки шаҳрвандони ду кишварро барои сафар ба кишварҳои ҳамдигар ба ҳадафи тақвияти робитаҳои байнимардумӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳавасманд хоҳанд кард. Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар заминаҳои фаъолияти академикӣ, ҷавонон ва варзиш, осорхонаҳо, васоити ахбори омма ва идораи офатҳои табиӣ афзоиш хоҳанд дод.

20. Ҳар ду роҳбар мақомоти дахлдорро ҳидоят намуданд, ки ҳамкориҳоро дар арсаҳои таҳсилоти касбӣ, миёна ва олӣ тавассути табодули устодон ва донишҷӯён ва инчунин ҳамкориҳои‌ илмӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои маориф ва илм афзоиш диҳанд.

21. Ҷониби Тоҷикистон барои даъвати донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати иштирок дар “Барномаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия” (Darmasiswa) изҳори сипос намуд ва барои омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи бурсияҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои Индонезия дар зинаҳои бакалавр ва магистратура алоқамандӣ зоҳир кард. Ҷониби Индонезия донишҷӯёни худро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бар асоси бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард.

Масълаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ

22 .Ҳар ду ҷониб бо қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамкориҳои  ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ зикр карданд. Тоҷикистон ва Индонезия ҳамкории наздик ва созандаро дар чорчӯбаи СММ идома медиҳанд ва ҳамчунин аз ташаббусҳои минтақавию байналмилалии кишварҳои ҳамдигар пуштибонӣ хоҳанд кард.

23. Ҳар ду ҷониб нисбат ба авҷ гирифтани чолишҳо дар ҷаҳони Ислом изҳори нигаронии амиқ карданд ва ҷиҳати тақвияти минбаъдаи Ваҳдат ва ҳамдилии мусулмонон, ҳамкорӣ ба хотири рифоҳати бештари Уммати Ислом, инчунин талошҳои муштарак дар ростои пешбурди ҳадафҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ назари яксон доштанд.   

24. Ҳар ду роҳбар зарурати эҳтиром ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳои Ойинномаи СММ, принсипҳои соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва адами мудохила ба корҳои дохилии кишваҳоро таъкид карданд. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳаллу фасли ихтилофу низоъҳо бо роҳҳои сулҳомез назари ягона доранд.

 

25. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Президент Ҷоко Видодо барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш сурат гирифт, изҳори сипос кард.

 

26. Президенти Тоҷикистон аз Президенти Индонезия даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Президенти Индонезия даъватро қабул намуд ва изҳор дошт, ки дар замони барои ҳар ду ҷониб муносиб бо камоли майл ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.  Муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Дар ш. Ҷакарта 1 августи соли 2016 қабул шуд.

text-align: justify;

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520