Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андози ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

27.07.2016 07:15, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои нави Нозироти андози ноҳияро расман ифтитоҳ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз буридани лентаи рамзӣ бунёди бинои навро ба кормандони соҳаи андози ноҳия табрик намуда, онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард.

Кормандони нозироти андоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ то имрӯз дар бинои кӯҳна ва шароити начандон хуб фаъолият карда, аз норасоии ҳуҷраҳои корӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавӣ танқисӣ мекашиданд.

Бинои нав бошад, аз ду ошёна ва 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Бинои нозирот бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошад.

Фармоишгар Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Орзу» буда, корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз гардида буд. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда 2012» анҷом додааст.

Бино бо маблағи умумии 3 миллиону 265 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз он 3 миллиону 189 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмонию васлкунӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии бино 1 ҳазору 20 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи якуми бино толори алоҳида бо компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб дода, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд. Инчунин дар ин бинои замонавӣ соҳибкорон бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат дар бахши андоз шинос мешаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда, ба беҳдошти кори кормандони соҳа ва осон кардани ҳуҷҷатгузории соҳибкорон мусоидат менамояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520