27 май дар қароргоҳи Президенти Полша маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Пас аз маросими истиқбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Полша Александр Квасневски мулоқоти "як ба як" анҷом дод.
Сарони давлатҳо оид ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор карданд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн диққати махсус дода шуд.
Баъди анҷоми музокирот дар ҳайати васеъ дар ҳузури Президентони ду кишвар маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид. Аз ҷумла, Эъломия оид ба инкишофи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба имзо расиданд.