26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хайати воломақоми доираҳои соҳибкории Олмонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот мусоҳибон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки инкишофи ҳамкории иқтисодии мутақобилан судмандро барои ояндаи наздик баррасӣ намуданд, ҳамчунин оид ба пешниҳодоти мушаххас дар бобати ба сатҳи сифатан нав бардоштани ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаи иқтисодиёт мубодила афкор доир гардид.