10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани Фестивали байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ "Наврӯз-2003" имзо гузошт.
Мақсади асосии қарори мазкур устувор гардонидани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва инкишофи робитаҳои эҷодии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Тибқи қарори мазкур аз 16 то 22 июни соли 2003 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ "Наврӯз-2003" гузаронида мешавад.