Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон"

10.05.2003 10:00, шаҳри Душанбе

10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон" имзо гузошт.

Дар қарори мазкур зикр гардидааст, ки бо мақсади рушди мусиқии касбӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар заминаи факултети иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Қарор Вазоратҳои фарҳанг ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Душанберо вазифадор месозад, ки оиди таъсис ва таъмини бинову маблағгузорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520