Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар гузашти низомӣ бахшида ба 58-солагии ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм

09.05.2003 12:00, шаҳри Душанбе

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ бахшида ба 58-солагии ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм ширкат варзид.

Иштироки Президенти кишвар дар ин чорабинии муҳим шаҳодати эътирофи мардонагию қаҳрамонӣ ва нишони эҳтироми қаҳрамонони ҷанг буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии муҳим суханронӣ намуда, бо камоли ифтихор дар бораи саҳми намояндагони халқи тоҷик дар таъмини ғалабаи оламшумул ёдовар шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки 250 ҳазор тоҷикписар дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷанг бо намояндагони ҳамаи халқҳои собиқи шӯравӣ китф ба китф ҷангида, намунаи олии ваҳдату қаҳрамонӣ нишон дода, ватани хешро аз таҳдиди асорату ғуломӣ наҷот доданд. Президенти ҷумҳурӣ зикр сохт, ки дивизияи 20-уми савора маҳз дар Тоҷикистон ташкил ёфта, аз ҳамин ҷо ба ҷанг фиристода шуд. Зикр гардид, ки қаҳрамонии падарону бобоён ва модарону хоҳарон барои насли имрӯза намунаи олии ибрат буда, ҳамаи моро ба муҳаббату эҳтироми Ватан даъват мекунад.

Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазир, аъзои ҳукумат, ветеранҳои ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва намояндагони муассисаҳои дипломатии хориҷӣ дар назди оташи абадӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

Президенти мамлакат баъди анҷоми расми гузашти низомӣ бо ветеранҳои ҷангу меҳнат ҳамсӯҳбат шуда, иброз намуд, ки халқу ватан ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳоро фаромӯш намекунад ва Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд ҳам дар ҳақки онҳо ғамхориҳои бештар хоҳад кард. Дар навбати худ ветеранҳо низ ба сардори давлат барои ғамхориҳои ҳамешагиаш изҳори сипоси бепоён намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520