7 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини директор-фармоишгари Хазинаи Байналмилалии Асъор Эдуардо Анинат мулоқот намуд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ХБА-ро ба таври мушаххас баррасӣ намуда, оид ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор карданд. Мусоҳибон раванди пешрафтро дар татбиқи сиёсати иқтисодию молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр намуданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои минтақа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.