5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе директор-фармоишгари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Пиетро Веглиоро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот муҳокимаи самтҳои афзалиятнок ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ, инчунин масъалаи анҷом додани сохтмони НОБ-и Рогун доир гардид. Қайд карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург ба манфиатҳои дарозмуддати тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷавобгӯ аст.