Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Жан Лемиер

05.05.2003 09:00, Узбекистон

5 май дар Тошканд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Жан Лемиер доир гардид.

Мусоҳибон ба масъалаҳои таҳияи стратегияи нави БАТР оид ба Тоҷикистон диққати махсус доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, дурнамои фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва вазъи амнияти иқтисодии минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Зимни мулоқот зарурати истифодаи самараноктари маблағҳои қарзҳо ва грантҳо таъкид карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520