Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман

14.07.2016 11:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайати баланпояи бонки мазкурро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ карда ба фаъолияти имрӯзаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Тавре таъкид гардид, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда доираи бештару фарохтарро фаро мегиранд.

Зимни вохӯрӣ оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, ки дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад намунаи олии ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ гардида изҳори умед карда шуд, ки бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и Норак, дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии нерӯгоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамгироии муштарак дар самти кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити шиддат гирифтани буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва расонидани кӯмак ба кишвари мо дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ табодули назар карда мулоқоти имрӯзаро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобила муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520