Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.04.2003 10:00, шаҳри Душанбе

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон"-ро имзо намуд.

Қарори мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон" ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар аст.

Дар асоси ин қарор аз 31 декабри соли 2003 шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ -резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳояшон қонунӣ гардонида шудаанд, аз рӯи амалиётҳои зерин аз супоридани пардохтҳои давлатӣ озод карда мешаванд:

-  пардохт барои додани патент ба шахсони воқеӣ дар суръати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ

-  пардохт барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ

-  пардохт барои гирифтани иҷозатномаҳо (литсензия)

-  пардохт барои додани ордери манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил, бӯстонсаро ва ғайра

-  пардохт барои амалиётҳое, ки дар биржа сурат мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520