Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба механизми танзими қарзи корхонаю ташкилотҳои кишоварзии аз нав ташкилшуда ва дар ҳолати аз нав ташкилдиҳӣ қарордошта"

15.04.2003 14:00, шаҳри Душанбе

15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Оид ба механизми танзими қарзи корхонаю ташкилотҳои кишоварзии аз нав ташкилшуда ва дар ҳолати аз нав ташкилдиҳӣ қарордошта" фармон имзо кард.

Фармони мазкур бо мақсади суръатбахшии ҷараёни ислоҳоти кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ интишор гашта, муқаррар менамояд, ки қарзи корхонаю ташкилотҳои кишоварзии аз нав ташкилшуда ва таҳти аз навташкилдиҳӣ қарордошта байни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагиҳои дар дигар шаклҳои ташкили хоҷагидории дар асоси онҳо ташкилшаванда мутаносибан ба ҳиссаи қитъаи замини гирифтаашон тақсим мегардад.

Дар фармон инчунин оиди ба танзим даровардани ӯҳдадориҳои қарзии корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ баён гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ супориш дода шудааст, ки бобати гурӯҳбандӣ, реструктуризатсия ва нисбати қарзҳои беъэтимод (бебозгашт) бо тартиби муқарраргардида қарорҳои дахлдор қабул намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520