Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 10-солагии таъсиси қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.04.2003 12:00, шаҳри Душанбе

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 10-солагии таъсиси қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, хизматчиёни ҳарбиро табрик намуд.

Президенти кишвар хизматчиёни қушунҳои дохиларо бо иди касбиашон табрик намуда, зикр кард, ки онҳо на танҳо яке аз ҷузъу томҳои муҳимтарини системаи Вазорати дохила, балки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои арзандаи қушунҳои дохилиро дар ҳифзи иншооту корхонаҳо, муассисаҳои махсусан муҳими мамлакат, иштироки онҳоро дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қайд карда, сипас роҷеъ ба масъалаҳои беҳтар сохтани интизоми ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои қушунҳои дохила ва бо техникаю муҳимоти ҷангӣ таъмин намудани онҳо сухан кард.

Дар хотима бо иштироки устодони санъат консерти идона баргузор гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520