Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Украина Леонид Кучма ба Тоҷикистон

08.04.2003 15:00, шаҳри Душанбе

8 апрел дар доираи сафари расмии Президенти Украина Леонид Кучма ба Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба дар сатҳи олӣ баргузор гардид.

Президентҳои Тоҷикистон ва Украина дар ҷараёни мулоқоти "як ба як" маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба мавқеи кишвари худ ба баъзе проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд.

Сарони давлатҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкории зич дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Леонид Кучма ба зарурати идомаи кор оид ба ташаккули заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду кишвар диққати хос доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520