Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби фонди захиравӣ барои барқарор намудани бинои Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А.Лоҳутӣ

04.04.2003 09:00, шаҳри Душанбе

4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби фонди захиравӣ барои барқарор намудани бинои Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А.Лоҳутӣ амр дод.

Дар амри мазкур омадааст, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани бинои Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.

Тибқи ин амр Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520