Дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Федералии Олмон Герхард Шрёдер мулоқот дошт.
Зимни мулоқоти дӯстона ва созанда ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.