27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри "Белвю"-и шаҳри Берлин омад. Президенти Федералии Олмон Йоханнес Рау ӯро истиқбол намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони ду давлат мавзӯи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин масъалаҳои минтақавӣ муҳокима карда шуданд.
Баъди анҷоми музокирот дар ҳузури ду Президент Изҳороти муштарак дар бораи асосҳои муносибатҳо ва ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Аҳднома байни ҶТ ва ҶФО оид ба татбиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.