Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.03.2003 14:00

24 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт.

Масъалаи асосии маҷлис муҳокимаи ҳисоботи Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷараёни сохтмон ва ба таври оҷил барқарор намудани Шабакаи обрасонии Ёвон буд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки шабакаи обрасонии мазкур дар давоми 40 соли охир умуман тармим карда нашуда буд. Дар ҷараёни сохтмони шабакаи обрасонӣ технологияи навтарин истифода бурда шуд, ки дар давоми даҳсолаи оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад ёфт. Дар натиҷа корхонаю муассисаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳияи Ёвон, Хоҷамастон ва Ғозималик тамоми сол бо об пурра таъмин мегардад. Инчунин тунели ирригатсионии Ёвон тармим карда ба истифода дода шуд.

Масъалаи тасдиқи тартиби истифода ва танзими хариду фурӯши қонунии ашёи хоми маводи нашъадор дар Тоҷикистон низ аз ҷумлаи яке аз масъалаҳои муҳимми дар маҷлис муҳокимашуда ба шумор мерафт.

Дар маҷлис лоиҳаи як силсила қонунҳо, аз ҷумла "Дар бораи нақшаҳоии дурнамои давлатӣ ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи милиса", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва ғайраҳо маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ фиристода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи сиёсати берунии мамлакат низ як қатор санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқиро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Молдова ва "Барномаи байнидавлатии ташкили шабакаи марказҳои иттилоотию тиҷоратӣ барои интиқол ва ҳамлу нақли молу хизматҳо ба бозорҳои давлатҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2005" тасдиқ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520