7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд дар ояндаи наздик мубодилаи афкор доир гардид. Дар ин робита ҷонибҳо натиҷаҳои татбиқи стратегияи БАТР оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2000-2002-ро ҷамъбаст намуда, лоиҳаи стратегияи нави Бонк барои се соли ояндаро ба таври муфассал муҳокима карданд.