Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии занон

06.03.2003 12:00, шаҳри Душанбе

6 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати ҷашни байналмилалии занон иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти кишвар ҳамаи иштирокчиёни маҷлис ва занони мамлакатро ба муносибати ид табрик намуда, иброз дошт ки ҷашни занон дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дошта, аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рӯзҳои сол мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ проблемаи баланд бардоштани мақоми занро ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин ба як рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки баъди интишори фармон "Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа" шумораи заноне, ки ба зинаҳои гуногуни роҳбарӣ тавсия шудаанду имрӯзҳо дар вазифаҳои масъул кор карда истодаанд, ду маротиба афзудааст. Дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг зиёда аз 50%-и кормандонро занон ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин то имрӯз дар мактабҳо омӯзгорон ва дар муассисаҳои табобатӣ табибон намерасанд. Вазъи корҳо дар бобати ба занони соҳибкор додани қарзҳои хурд чандон қонеъкунанда нест ва дар баъзе мавридҳо низоми қарздиҳӣ барои занон қариб дастнорас аст.

Аз ин рӯ, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат аз ҷониби худ асоси ҳуқуқии ҳалли масъалаҳоро ба таври возеҳу равшан ба вуҷуд овардааст ва минбаъд низ проблемаҳои занону духтарон, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва болоравии хизматии онҳоро зери назорати доимӣ қарор хоҳад дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520