18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Руминия дар Тоҷикистон Василе Соаре эътимоднома қабул намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафир ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон зарурати ба роҳ мондани робитаи сиёсии доимиро бо мақсади ҳалли масъалаҳои инкишофи ҳамкорӣ таъкид карданд.