6 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо сарварии Роберт Кристиансен ба ҳузур пазируфт.
Зимни музокирот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар марҳалаи наздиктарин арзёбӣ намуданд. Мусоҳибон ба масъалаҳои мушаххаси марҳалаи ибтидоии татбиқи амалии барномаи сесолаи нави ХБА дар Тоҷикистон диққати махсус доданд.