5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Исроил дар Тоҷикистон Тсви Коэн-Литант эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири Исроил ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Мусоҳибон ҳамчунин оид ба баъзе масъалаҳои байналмилалӣ ва хусусан дурнамои ҳалли проблемаи Шарқи Наздик мубодилаи афкор карданд.