2 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи умумихалқии ободониву кабудизоркунӣ иштирок намуд.
Дар яке аз гӯшаҳои бекорхобидаи шаҳр, дар соҳили дарёи Душанбе, ки солиёни дароз маҳали партобгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ буд, корҳои ободониву бунёдкорӣ оғоз гардиданд. Ин гӯшаи шаҳр, ки дар масоҳати 7 гектар тӯл кашида, муддати тӯлонӣ аз мадди назарҳо дур монда буд, маҳз бо ибтикори шахсии Сардори давлат ба майдони ҳарбу зарби сокинони пойтахт табдил ёфт.
Ҳамзамон дар ин мавзеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шуд. Қобили зикр аст, ки барои ободонии ин мавзеъ ниҳолҳои гуногуни сояафкану ороишӣ бо риояи меъёрҳои мавҷудаи шаҳрдории муосир шинонда шуданд.
Дар ин кори хайр сокинони пойтахт, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарону кормандони як қатор сохторҳои давлативу ҳукуматӣ нақши худро гузоштанд. Дар ҷараёни ҳашар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи иштирокчиёни онро ба риояи меъёрҳои амалкунандаи шаҳрсозӣ бо дарназардошти дастовардҳои охир дар ин самт ҷалб намуд.
Сардори давлат изҳори боварӣ кард, ки Тоҷикистон дар солҳои наздик ба кишвари гулгулшукуфон табдил хоҳад ёфт.