Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2003 19:03, шаҳри Душанбе

18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ду қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кард, ки тибқи онҳо барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мусоидат ба вайронкунии тартиби азҳисоббарорӣ ва фурӯши воситаҳои асосӣ, ки боиси расонидани зарари калони иқтисодӣ ба ҷумҳурӣ гардид, Саидраҳмонов Саидҷон Саидбурҳонович аз вазифаи муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пиров Фатҳуддин аз вазифаи муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз" озод карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520