Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани фармон "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

18.01.2003 19:00, шаҳри Душанбе

18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд.

Кумитаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар комплекси сохтмонӣ таъсис дода шуда, ба зиммаи он таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ вогузошта шуд.

Инчунин дар фармон дарҷ гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи Кумитаи давлатӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ, нақшаи идораи онро тасдиқ ва тартиби маблағгузории онро муайян намояд ва ҷиҳати иҷрои фармон тадбирҳо андешида, қарорҳои худро мутобиқ гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520