Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2003 18:00, шаҳри Душанбе

18 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Рӯзномаи маҷлис танҳо як масъала "Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 ва вазифаҳо дар соли 2003"-ро дар бар мегирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала маърӯзаи муфассал кард.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нигаронида шудааст, дар соли 2002 тамоюли рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нигоҳ дошта шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо соли 2001-ум 9,1% , ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 9,2 %, маҳсулоти кишоварзӣ 15 % зиёд гардида, дар тамоми категорияҳои хоҷагиҳо афзоиши истеҳсоли аксари намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардид. Нишондиҳандаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ беҳтар шуда, муомилоти савдои хориҷӣ дар муқоиса бо соли қаблӣ 8,6% афзоиш ёфт. Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2002 - юм 113,7% иҷро гардида, ба буҷет 538,9 миллион сомонӣ ворид шуд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки аз тарафи аксари вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба татбиқи вазифаҳои иқтисодию иҷтимоии дар соли 2002 пешбинишуда тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида нашудаанд. Дар натиҷа 132 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсолотро кам карданд.

Бинобар набудани ҳамоҳангсозии зарурӣ, вайрон шудани интизоми иҷроия, саҳву иштибоҳи аз тарафи вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо содиршуда, хадамоти таъмини барқ, нақлиёт, хоҷагии манзилу коммуналӣ ба андозаи кофӣ барои кор дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2002 омодагӣ нагирифтанд, ки ин ҳам сабаби оқибатҳои ногувор гардид.

Масъалаҳои ҳолати мелиоративӣ ва истифодаи самараноки замин пурра ҳал нашудаанд, дар истеҳсолоти кишоварзӣ технологияи ҳозиразамон ниҳоят кам истифода мешавад. Аз тарафи баъзе вазорату идораҳои дахлдор сари вақт иҷро нагардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Таъмини иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ёрии нишонрас ба табақаҳои камбизоаттарини аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, маориф ва тандурустӣ, барқарор сохтану инкишоф додани муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи аҳолӣ ба андозаи кофӣ сурат нагирифтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор супориш дод, ки ба камбудиҳои дар соли 2002 роҳдодашуда дар масъалаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷет, таъмини фаъолият ва рушди устувори соҳаю минтақаҳо, ҳалли саривақтии масъалаҳои мушаххаси хоҷагӣ ва иҷтимоии таҳти салоҳияти онҳо қарордоштаро бартараф намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миёнгузошташуда дар барномаҳои дигаргунсозии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласа инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003" ва мавриди амал қарор додани он баррасӣ гардида, вазифаи ҳар як вазорату идора дар соли 2003 муайян карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ҷаласа дар назди масъулини вазорату идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар маҷлис инчунин қарорҳои марбут ба кадрҳо қабул гардида, дар бораи тағйироти сохторӣ дар системаи идораи давлатӣ маълумот дода шуд. Аз рӯи натиҷаҳои маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520