3 декабр баъд аз зуҳр гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор гардид.
Зимни изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият аз вафоти модари Сарвари Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хостгори раҳмати худовандӣ барои марҳума ва сабру таҳаммул барои Президенти кишвар ва мардуми Тоҷикистон шуд.
Сайид Муҳаммади Хотамӣ ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯза ва дурнамои равобити ҳасанаи байни ду кишварро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар ду ҷониб барои рушду густариши минбаъдаи онҳо саъю кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳангоми гуфтугӯ ба масоили амалӣ сохтани тавофуқоти ҳангоми сафари Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳосилшуда, аз ҷумла сохтмони неругоҳи барқии Сангтуда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид. Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар қотеъияти хешро дар роҳи татбиқи он тавофуқот таъкид дошт.