Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия»

16.11.2004 18:00, шаҳри Душанбе

16 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» Фармон имзо намуд, ки мутобиқи он бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани ҳавасмандии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2005 ба хизматчиёни давлатӣ пардохти иловапулиҳо барои рутбаҳои тахассусии бо моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлатӣ» муқарраргардида татбиқ гардонида мешавад.

Аз 1 январи соли 2005 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 12 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Аз 1 январи соли 2005 маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаҳои мутаносибан аз 50 то 100% зиёд карда мешаванд.

Кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣ (ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) – 50 фоиз; Кормандони ҳайати хоҷагидорӣ ва ёрирасони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – 100 фоиз маошашон зиёд мешавад.

Аз 1 январи соли 2005 андозаҳои нафақаҳои меҳнати нафақахӯрон аз рӯи давраҳои зерин ба нафақа баромаданашон бо роҳи истифодаи коэффитсентҳои баландкунандаи музди меҳнате, ки аз он дар ибтидо ба онҳо нафақа таъин шудааст, зиёд карда мешаванд: то соли 1994 – коэффитсенти 86, 5; дар соли 1994 – коэффитсенти 79, 8; дар соли 1995 – коэффитсенти 30, 2; дар соли 1996 – коэффитсенти 9, 4; дар соли 1997 – коэффитсенти 5, 6; дар соли 1998 – коэффитсенти 3, 0; дар соли 1999 – коэффитсенти 2, 4; дар соли 2000 – коэффитсенти 1, 79; дар соли 2001 – коэффитсенти 1, 65; дар соли 2002– коэффитсенти 1, 55; дар соли 2003 – коэффитсенти 1, 28; дар соли 1994 – коэффитсенти 1, 03;

Аз 1 январи соли 2005 нафақапулиҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи аз 3 то 6 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол бо назардошти нафақапулиҳои амалкунанда муқаррар карда мешаванд.

Аз 1 январи соли 2005 андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба маблағи 120 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Аз 1 январи соли 2005 андозаҳои амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва дигар гурӯҳҳои хонандагон мутаносибан ба андозаи баландшавии музди меҳнати ҳадди ақал зиёд карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин фармон чораҳои заруриро андешида, тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои истироҳат, кӯмакпулии товони зарари саломатӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки ба ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат алоқаманданд тасдиқ намояд; азнавҳисобкунии андозаи нафақаҳоро бо назардошти бандҳои 4, 5 ва 6 ин фармон таъмин намояд; ба низомномаи оид ба нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1994 № 115 тасдиқ шудааст, мутобиқи банди 5 ин фармон тағйирот ворид намояд; дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 барои додани ҷӯбронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ 22 миллион сомонӣ ва барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд 10 миллион сомонӣ пешбинӣ намояд.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин супорида шудааст, ки аз шумораи умумии хонандагон 25 фоизи онҳо бо ҷубронпулӣ таъмин карда шаванд; иҷрои чорабиниҳои тасдиқшударо оид ба ислоҳоти соҳаи маориф идома диҳад; нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти идораи давлатӣ бо назардошти ихтисори на камтар аз 3 фоизи шумораи мавҷудаи кормандони тамоми соҳаҳои буҷетӣ (ғайр аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ) таҳия ва тасдиқ намояд; дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 маблағҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ин Фармон пешбинӣ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520