Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА Лаура Кеннеди

16.11.2004 11:00, шаҳри Душанбе

16 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини ёвари котиби давлатии ИМА Лаура Кеннедиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни сӯҳбати созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вусъати минбаъдаи робитаҳо манфиатдор мебошад, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуд, ки дар асоси талошу хоҳишҳои ҳар ду ҷониб муносибати дутарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ сол то сол густариш меёбад.

Дар мулоқот изҳори умед карда шуд, ки ИМА дар ҷараёни татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҷиҳати афзун гардонидани ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Тарафҳо оғози сохтмони кӯпрук дар болои дарёи Панҷ, инчунин вусъати тармими хати парвозу нишасти ҳавопаймоҳои фурудгоҳи шаҳри Душанберо аз муҳимтарин барномаҳои ҳамкорӣ маънидод карданд.

Дар сӯҳбат ҳамзамон атрофи як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд ҷараён гирифт.

Лаура Кеннеди ба раванди муваффақонаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, афзоиши шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, тадбирҳои одилонаи вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, саҳми бевоситаи Сарвари Давлати Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус ҷараёни барқарорсозии иқтисодии Афғонистон баҳои баланд дода, ин падидаро натиҷаи сиёсати бобарору самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва болоравии нуфузи сиёсии давлати навини Тоҷикистон арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520