Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Петер Бургхард

10.11.2004 15:00, шаҳри Душанбе

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Петер Бургхард эътимоднома қабул кард.

Сипас дар ҷараёни сӯҳбати пурмуҳтавою созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ гардиданд.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти самараноки Дафтари душанбегии Агентии Швейтсария оид ба рушду ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки сол то сол муносиботи дуҷониба бобарору қавитар мегардад.

Робитаҳои дуҷониба, ба хусус, дар бахши саҳмгирии муштараки ҳалли мушкилоти глобалӣ, яъне ташкилу баргузории форуми душенбегии оид ба оби тоза дар соли 2003 ва ташаббуси ҷониби Тоҷикистону ҳаммуаллифии Швейтсария доир ба даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», ки Ассамблеяи Генералии СММ эълон дошт, ифодагари талошҳои устувори ҳар ду тараф мебошад, зикр гардид дар вохӯрӣ.

Зимни сӯҳбат тазаккур дода шуд, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи инкишофи эътимодбахши иқтисодиёти миллӣ фаро расидааст. Болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, таҷдиди сиёсати андозу гумрук, таъмини шароитҳои озоди рушди иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, дар ҳамин замина афзоиши содироту воридоти мол собит менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дуруст ва ояндадори иқтисодиро амалӣ карда истодааст.

Аз ҷумла, дар соли гузашта гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария 80 млн. доллари ИМА ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 60 млн. доллари амрикоро ташкил дод.

Дар мулоқот дар мавриди дарёфти роҳҳои нави инкишофи робитаҳои дутарафаи иқтисодӣ андешаҳои судманд баён гардида, ҳамзамон атрофи доираи фарохи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520