Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юичи Кусумото

09.11.2004 11:00, шаҳри Душанбе

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юичи Кусумото эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими расмии эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои васеи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Ҷопон табодули назар намуданд.

Изҳороти Ҳукумати Ҷопон дар мавриди стратегияи таҳкими робитаҳо бо мамолики Осиёи Марказӣ ифодаи талошу хоҳишҳои халқу давлати Ҷопон ҷиҳати вусъати ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, ба хусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мо ҳамчунин барои татбиқи амалии созишномаи муштараки ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, ки моҳи феврали соли 2003 дар шаҳри Токио дар сатҳи олӣ ба имзо расида буд, мароқи хосса дорем.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин мавзӯоти дорои характери минтақавию байналмилалӣ андешаҳои ҷолибу судманд баён карданд.

Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юичи Кусумото дар хотима тазаккур дод, ки барои таҳкими равобити дуҷониба талоши амиқ ба харҷ медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520