Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи тантанавӣ ба шарафи 10-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2004 12:00, шаҳри Душанбе

5 ноябр ба шарафи 10-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи «Ваҳдат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳузури иштирокчиёни тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамои  эъмори ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистони навин маънидод намуда, афзуд, ки маҳз бо таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба дастовардҳои бузургу таконбахши ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидем.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт,  таҷрибаи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва мамолики олам ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520