5 ноябр дар қароргоҳи беруназшаҳрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Пугуси ноҳияи Варзоб вохӯрии машваратии панҷуми донорҳо баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Зимни суханронии худ дар ҳузури иштирокчиёни машварат Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин мулоқот ҳамчун идомаи мантиқӣ дар доираи вохӯриҳои кории гурӯҳи машваратии донорҳо оид ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ва моҳи феврали соли равон баргузор гардиданд, муфиду самарабахш хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҷомеаи донорҳо ҷиҳати кам намудани таносуби шахсони камбизоат аз 83 фоизи дар соли 1999 то 64,7 дар соли 2003 ҷаҳиши муҳиме намуд.
Дар вохӯрӣ Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Шигео Катсу, роҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Денис де Трей, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз раванди муваффақонаи татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ, ба хусус, дар бахши паст намудани сатҳи камбизоатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Нимаи дуюми рӯз мулоқоти машваратии донорҳо идома ёфт.