Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

04.11.2004 09:00, шаҳри Душанбе

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба истиқболи пирӯзӣ дар интихоботи Раиси ҷумҳури ин кишвар номаи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷалолатмаоб, Шуморо ба муносибати интихоб шудан ба мақоми олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Таманно дорам, ки раҳбарии сиёсии кишвар дар роҳи таъмини сулҳ,  ваҳдат ва ризоияти саросарии миллӣ, бозсозии муваффақона ва ҳамкории васеи минтақавӣ ва байналмилалӣ пайгирона ва содиқона талош намояд. Тоҷикистон мисли пешин барои татбиқи ин аҳдофи воло, рушду густариши минбаъдаи равобит ва саъю ҳамкориҳои дустонаи миёни ду кишвар кӯшиши хешро дареғ нахоҳад дошт.

Орзуманди муваффақияту комёбиҳои шахси Шумо ва саодату сарбаландии мардуми дӯсти Афғонистон мебошам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520