Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Тадао Чино

02.11.2004 11:00, шаҳри Душанбе

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Тадао Чиноро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои марбути ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон ташрифи Шуморо боз як иқдоми нави Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати вусъати муносибатҳои ба ҳар ду тараф манфиатнок меҳисобад, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, агросаноатӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин дар татбиқи амалии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ хеле беназир аст.

Ҷонибҳо дар мавриди лоиҳаҳои сохтмони хатҳои барқи ҷануб ва шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаи барқии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон, тармиму таҷдиди роҳи автомобилгарди Тошкент-Хуҷанд-Душанбе-Панҷи Поён-Кобул ва роҳи Алмаато-Бишкек-Ҷиргатол-Душанбе-Шерхон бандар-Кобул, ки ҳарду лоиҳа низ имкони баромад ба Покистонро медиҳад ва татбиқи онҳо ба вусъати раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард, ҳамфикрии амиқ зоҳир доштанд.

Дар сӯҳбат атрофи дигар масъалаҳои фарогири робитаҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд табодули назари судманд ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520