Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анна Биолик

01.11.2004 14:00, шаҳри Душанбе

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анна Биолик эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ мулоқот баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада дар бахшҳои иқтисодиёту тиҷорат баррасӣ гардиданд.

Мо ба вусъати ҳамкориҳо бо Канада, - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -таваҷҷӯҳи хоса дорем, зеро дар доираи коалитсияи зиддитеррористӣ мо робитаҳои устувор барқарор намудаем.

Ҷонибҳо дар мавриди таҳкими муносибати дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки муштарак дар азхудкунии захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамфикрӣ баён доштанд.

Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон на танҳо ба пешрафти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии тарафҳо, балки барои фароҳам овардани заминаҳои боэътимоди амнияту осоиши минтақа ва ҷаҳон, пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши қайриқонунии маводи мухаддир ва барҳам додани сарчашмаҳои молиявии инкишофи терроризми байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот инчунин атрофи дигар масъалаҳои дорои хусусиятҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520