Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

29.06.2016 17:32, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср  боз ҳам таъкид менамоем.  

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520