Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон

26.06.2016 10:21, ноҳияи Шуғнон

Рӯзи 26 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон бо сокинону фаъолон мулоқоти судманд доир кард.

Нахуст Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо таҷлили санаҳои муҳими таърихии барои мардуми тоҷик тақдирсоз - 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 19 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари кориро ба ноҳия дидору мулоқот бо мардум, шиносоӣ бо рафти татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар  ва мусоидат кардан ба пешрафти кору беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии зиндагии сокинон маънидод кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳуриро мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз сидқ ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ менамоянд, изҳори қаноат кард. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз сафарҳои қаблии корӣ, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифта буд, таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту фаъолияти мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар қаламрави ноҳияи Шуғнон тайи 25 соли истиқлолияти давлатӣ барои таъмини тараққиёти ноҳия 630 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Дар ин давра барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети давлат беш аз 270 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 119 миллион сомонӣ иҷро гардида, беш аз 138 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дармонгоҳу шифохона ва марказҳои саломатӣ сохта шудаанд ва бунёд гардидани чандин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва наҳрҳои обрасон ба хеле ободу пешрафта гардидани ноҳия мусоидат кардаанд.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз шаҳраки зебову хушсохти Ваҳдат, яъне маркази маъмурии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар деҳоти Навобод мактаби нави рақами 28 барои 460 нафар хонанда бо толори варзишӣ, ҳамчунин беморхонаи марказии ноҳия ва манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки бо мақсади пурра бо орди хушсифат таъмин кардани сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли гузашта дар деҳаи Боғеви ноҳия бо сарфи 13 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ аввалин корхонаи коркарди орд дар вилоят бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз ва ду анбор барои нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла ва ҳазор тонна орд ба истифода супорида шуд.

Ҳоло дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016-2020 татбиқи 148 лоиҳа ба маблағи умумии 263 миллион сомонӣ идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷараёни татбиқи барномаи зикршударо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Соли 2015 бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 31 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 28 баробар зиёд мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулонро вазифадор кард, ки барои тараққиёти соҳаи саноати ноҳия аҳаммияти махсус зоҳир намоянд.

Бо заҳмати софдилонаи сокинони ноҳияи Шуғнон дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2015 маблағи 116 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 7 баробар ё беш аз 100 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вазъи иҷтимоии ноҳия беҳтар гардида, тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 33 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 4600 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шуда, соли ҷорӣ ифтитоҳи боз чор муассисаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки минбаъд низ мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Шуғнон чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд ва диёри худро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва ҳам таҳлили вазъии иқтисодию иҷтимоӣ ба хотири пешрафти кор дар соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳияи Шуғнон ва ҳам ҳалли мушкилоти мардум ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавоб ба талошҳову ташаббусҳо, ғамхориҳо ва дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар намояндагони касби кори гуногун, ҷавонон, сокинони шукргузори ноҳияи Шуғнон баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва қадршиносӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520