Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

25.06.2016 08:21, ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!
Намояндагони муҳтарами мардуми сарбаланди ноҳияи Ванҷ!

Баъд аз чанд рӯз тамоми мардуми кишвар санаи сарҷамъиву баҳамоии миллати сарбаланду сулҳдӯстамон, яъне нуздаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат ҳамаи сокинони бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Ванҷ ва деҳоти Язғуломро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

 Ман сафари аввалини худро ба деҳоти Язғулом бо мақсади ифтитоҳи кори нахустин нерӯгоҳи хурди барқи обии Андарбак дар  рӯзҳои сарду вазнини зимистони соли 1999, яъне 17 сол қабл хуб дар хотир дорам.

Имрӯз низ мо бо ҷараёни корҳои бунёди нерӯгоҳи нави хурди барқи обии Мотравни деҳоти Язғулом, ки дар асоси созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бо иқтидори 300 киловатт-соат ва арзиши умумии 24 миллион сомонӣ идома дорад, шинос гардидем.

Роҳбарону сохтмончиёни нерӯгоҳ дилпурона изҳор намуданд, ки бунёди он то охири соли ҷорӣ ба анҷом расида, ба ин восита даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва дар соли ҷашни 25–солагии истиқлолияти давлатӣ аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин карда мешаванд.

Равшан ба назар мерасад, ки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи дастгирии доимии давлату Ҳукумати мамлакат, иқдомоти ватандӯстонаи сокинону соҳибкорон ва шахсони ободкор чун дигар минтақаҳои кишвар, хусусан, дар давраи омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни муқаддаси миллӣ боз ҳам ободу зеботар гардида истодааст.

Воқеан, соҳибистиқлолии кишвар дар таърихи давлатдории миллӣ ва сарнавишти халқамон оғози марҳалаи нави эҳёву гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ маҳсуб гардида, таъмини сулҳу суботи комил заминаи устувори пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми мо мебошад. 

Водии зебоманзари Язғулом натанҳо бо табиати дилписанд ва кӯҳҳои осмонбӯс, балки бо мардуми боғуруре, ки садсолаҳо суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои гаронбаҳои мардуми куҳанбунёди моро ҳифз кардаанд, шуҳрат дорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли гузашта ҳамаи мо шоҳиди ба истифода супоридани пули мошингузари байналмилалӣ аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма будем, ки ҳоло он барои осон гардидани рафтуомади сокинон, густариши тиҷорат бо давлатҳои ҳамсоя ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи ниёзи мардум заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.

Айни замон бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои  хурду миёнаи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди меваю сабзавот ва аз ҳисоби фаъолияти бозори наздисарҳадии деҳаи Хумроғӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон барои садҳо нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, сохтмони пули деҳаи Потов, биноҳои маъмурии шуъбаи амният, Агроинвестбонк, толори варзишӣ дар деҳаи Мотравн, бунгоҳи тиббӣ ва бунёди муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 дар деҳоти Язғулом амалӣ гардида истодаанд.

Дар баробари ин, соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2015-2019 қабул гардид, ки тибқи он дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар ноҳия 241 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳоло нақшаи генералии маркази ноҳия тасдиқ гардида, дар асоси он корҳои созандагиву ободонӣ торафт вусъат гирифта истодаанд. 

Ёдовар мешавам, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои  тараққиёти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 220 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Дар ин давра ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, барои беш аз се ҳазор нафар хонанда муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар давоми солҳои истиқлолият барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва                ҷалби имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорон 440 миллион сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Дар ноҳия то имрӯз чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор гирифта, то имрӯз ду лоиҳа ба анҷом расида, лоиҳаҳои дигар дар самти таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва рушди ҷангалпарварӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар маҷмӯъ, тайи солҳои 2005-2015 ба ноҳияи Ванҷ дар доираи 66 лоиҳа ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ кумак расонида шудааст.

Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳия           35 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Дар давоми солҳои истиқлолият соҳаи саноати ноҳия тавассути азнавсозии истеҳсолот ва таъсиси корхонаҳои нави дорои технологияҳои муосир хеле пеш рафтааст.

Дар ин давра коргоҳҳои парандапарварӣ, дӯзандагӣ, коркарди санг, истеҳсоли доруворӣ, инчунин коркарди чӯб бунёд ва ба истифода дода шудаанд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия мунтазам афзоиш ёфта, соли гузашта нисбат ба соли 2000-ум беш аз чоруним баробар зиёд шудааст.

Бо вуҷуди тамоюли мусбати зикршуда, бояд гуфт, ки то ҳанӯз на ҳамаи иқтидору имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ самаранок истифода карда мешаванд.

Зеро ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи табиӣ буда, дар ҳолати пурра ва самараноку оқилона истифода кардани онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро бамаротиб зиёд карда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё намудан мумкин аст.

Масалан, дар ҳудуди ноҳия намудҳои гуногуни санги мармар мавҷуд аст, ки то ба имрӯз ҳамагӣ як намуди он истихроҷ ва коркард мешавад.

Дар баробари ин, Ванҷ яке аз ноҳияҳои калонтарини боғпарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, беш аз нисфи меваи вилоят дар ҳамин ҷо истеҳсол мешавад. Меваҳои хуштаъму аълосифати ноҳияи Ванҷ ва махсусан деҳоти Язғулом натанҳо дар дохили кишварамон, балки берун аз он низ шуҳрат ва харидорони зиёд доранд.

Ҳарчанд ки дар худи ноҳияи Ванҷ солҳои охир миқдори муайяни меваҷоти аз нигоҳи экологӣ тоза коркард карда мешавад, вале зарур аст, ки ба ин масъала, яъне коркарди ҳарчи бештари мева ва бастабандиву содироти он эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди сангҳои ороишӣ ва мева, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва бо ҳамин роҳ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дӯстони арҷманд!

Солҳои охир бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингарди Язғулом ва                Вишхарв-Зайч, инчунин таъмири асосии пули деҳаи Жамаг ба анҷом расонида шуд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани шоҳроҳ ва пули мошингарди байналмилалӣ аз болои дарёи Панҷ барои рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Хитой ва Афғонистон, инчунин робитаи доимии нақлиётӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҳоло Ҳукумати мамлакат доир ба таҷдиди роҳи мошингарди    Дарвоз-Ванҷ музокиротро бо сармоягузорон идома дода истодааст ва мо ният дорем, ки сохтмону азнавсозии онро вақтҳои наздик оғоз кунем.

Тайи солҳои истиқлолият дар деҳаҳои Техарв, Андарбак ва Пойимазор нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, нерӯгоҳи марказии ноҳия пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Илова бар ин, тибқи қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи барномаи аз худ кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 дар ноҳияи Ванҷ се нерӯгоҳи хурд, ҳамчунин насби нерӯгоҳи бодӣ пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати то ба 500 киловатт-соат расонидани иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи хурди барқи обии Андарбак ва суръат бахшидан ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Мотравн бо иқтидори 300 киловатт-соат тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳукумати кишвар тайи солҳои охир барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бояд гуфт, ки саҳми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия дар таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи корӣ хеле назаррас буда, ҳар сол бо ташаббуси онҳо корхонаву коргоҳҳои нав бунёд карда мешаванд.

Соҳибкорони маҳаллӣ танҳо соли гузашта панҷ коргоҳи нави истеҳсолӣ бо қариб 100 ҷойи корӣ таъсис додаанд ва иқдом кардаанд, ки дар ояндаи наздик дар деҳоти Ванҷи Боло дар масоҳати қариб 1000 метри мураббаъ иншооти нигоҳдории меваю сабзавот, коргоҳҳои хушконидани мева, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва маснуоти дастӣ таъсис диҳанд.

Ҳозирини арҷманд!

 Тӯли солҳои истиқлолият заминҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия беш аз 3 баробар васеъ гардида, 260 гектар заминҳои нав азхуд карда шудаанд ва дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулот бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Соли 2015 кишоварзони ноҳия ба маблағи 154 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2000-ум 136 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳия имкониятҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ тавассути беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ ва оқилонаву самаранок истифода бурдани заминҳои мавҷуда хеле зиёданд.

Аз ҷумла сокинони водии Язғулом бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, яъне шароити беҳтарини табиӣ ва захираҳои фаровони об метавонанд дар доманакӯҳҳо ва талу теппаҳо боғҳои нави мева, аз ҷумла меваи содиротӣ бунёд намоянд, ки ин, албатта, ҷойи корӣ ва воситаи хуби баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ мебошад.

Имрӯз яке аз мушкилоти асосии деҳоти Язғулом азхудкунии заминҳои бекорхобида дар майдони 200 гектар ва таъмири иншооти обрасонии деҳаҳои Вишхарв ва Андарбак мебошад.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои зикршуда, зарур аст, ки Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо роҳбарону мутахассисони ноҳия барномаи азхудкунии заминҳои водии Язғуломро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамаи шумо аз вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон хуб огоҳед. Ҳоло як қатор кишварҳо ба гирдоби хунини ҷангу мухолифатҳои даҳшатнок гирифторанд ва созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аъмоли харобкоронаи худро торафт вусъат дода истодаанд.

Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри сулҳу субот ва бузургтарин дастоварди халқамон - истиқлолияти давлатӣ расем, дастовардҳои онро ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкиму тақвияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш кунем.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафи миллӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, то ки дар ҷаҳони пурҳаводису ноороми имрӯза манфиатҳои миллату давлатамон ва арзишҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя карда тавонем.

Бинобар ин, ба кулли роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, падару модарони соҳибэҳтиром, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия ва деҳоти Язғулом муроҷиат менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед.

Зеро тибқи маълумот имрӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳия дар амалиёти ҷангӣ дар хоки давлатҳои дигар, аз қабили Сурияу Ироқ иштирок карда истодаанд, ки ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст.

Итминон дорам, ки сокинони заҳматкашу ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва махсусан, мардуми бонангу номуси Язғулом минбаъд низ  бо ҳисси баланди миллӣ манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло ҳисобида, дар пешрафту ободии сарзамини аҷдодиамон ва таҳкими ваҳдату сарҷамъии миллати некноми тоҷик саҳми ватанпарваронаи худро мегузоранд.

Ман ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони ин гӯшаи зебои кӯҳистон бовар дорам ва хуб медонам, ки дар қалбу вуҷуди онҳо танҳо муҳаббату самимият ва умеди устувор ба ояндаи ободи Ватан ҷой гирифтааст.

Дар фарҷом ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла сокинони деҳоти Язғуломро бори дигар ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори ташаккур менамоям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Доимо сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520