Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

22.10.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 22 октябр дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ машварат баргузор гардид.

Дар оғози кори машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар асоси қарордоди сарони мамолики узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё аз 1 январи соли 2004 шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои аъзои созмон - Тоҷикистону Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус ва Қирғизистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ роҳ дода мешаванд.

Сарвари давлат ҳисоботи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров, Зокир Вазиров ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда дастур дод, ки дар дохили ҷумҳурӣ, пойтахт ва шаҳрҳои калонтарини Федератсияи Россия, инчунин ҷумҳуриҳои дигари узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё нуқтаҳои иловагӣ ташкил карда, то охири сол эҳтиёҷмандонро бо шиносномаҳои хориҷӣ таъмин гардонанд.

Ин тадбири муҳимми ҷавобгӯи талаботи замон аст, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Сарвари давлат ин омил ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мо, ки дар кишварҳои ҳамсоя кору фаъолият доранд, мусоидати амиқ хоҳад кард.

Воқеан, яке аз масъалаҳои ташвишовари ҳаёти ҷомеа дар чанд соли охир поймол шудани ҳуқуқи баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ҳамсоя буд. Ҳар сол садҳо ҳазор ҷавонон аксаран тавассути нақлиёти роҳи оҳан, баъзан бо мушкилоти зиёд, ба хусус дар ҷараёни сафар, ҳангоми бозгашт аз ҷониби мақомоти интизомӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша мавриди таҳқиру фишороварӣ қарор мегирифтанд, ки ин раванд миёни аҳолӣ нигаронии амиқро ба вуҷуд оварда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарияти баландпояи узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё ба ин масъала диққати махсус медод. Дар ҳамин замина сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё дар мавриди таъмини имкониятҳои озоди рафтуомад, фаъолияти меҳнатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии шаҳрвандони ҷумҳуриҳо қарорҳои муҳим қабул намуданд.

Ҳадафи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупову Осиё аз таъсиси шиносномаҳои хориҷӣ пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуби вобаста ба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша, террористони байналмилалӣ, қочоқчиёни маводи нашъадор,  дар маҷмӯъ таъмини оромию суббот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки матлаби асосии Созишномаи мазкур ба тартиб даровардани фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи шаҳрвандон мебошад. Татбиқи ин Созишнома ба шаҳрвандоне нисбат дорад, ки дар асоси қонунӣ дар ду давлат кору фаъолият мекунанд ва дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ амал менамоянд.

Ба имзо расидани Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба низом даромада, ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ба кор мераванд, таъмин гардад. Созишномаи мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибати ду давлатро дар ҳаллу фасл намудани ин масъалаи басо муҳим муайян менамояд.

Дар Созишнома ташкили гурӯҳи кории дуҷониба барои тартиб додани механизми татбиқи Созишнома, оғози ҳамкориҳо дар миқёси минтақавӣ ва байнимуассисавӣ, ба расмият даровардани фаъолият ва пардохти музди меҳнат, риояи қоидаҳои воридшавию хориҷшавӣ, истиқомати кормандон дар ҳудуди давлати қабулкунанда, муайян намудани талаботи миқдории кормандон ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат ба таври возеҳ таъкид шудааст.

Дар машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои созишномаи ҳамкорӣ дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ бо Фередатсияи Россияро ифодагари манфиатҳои дуҷониба маънидод карда, ҷиҳати татбиқи амалии он супоришҳои қатъӣ дод.

Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади ташкили муваффақонаи таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ бо сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ситоди ҷумҳуриявӣ созмон дода, бо ҷалби мутахассисони варзидаи вазорату идораҳои марбута, намояндагиҳои дипломатию тиҷоратӣ дар мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупову Осиё, намояндагиҳои сохторҳои минтақавию бонкҳо фаъолияти нуқтаҳои шиносномадиҳиро бо таъмини саривақтии воситаҳои зарурӣ қаноатбахш гардонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бояд марҳилаи на он қадар тӯлонии шиносномадиҳӣ бемамоният ва мушкилот дар фазои эътимодбахшу мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне, ки ба кишварҳои ҳамсоя сафар менамоянд, ба анҷом расад. Бо ин мақсад ташкили тадбирҳои тарғиботӣ, ҷиҳати  ба аҳолӣ расонидани ҳадафу аҳамият, шарту қоидаҳои зарурии гирифтани шиносномаи хориҷӣ то 1 январи соли 2005 тавассути воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои соҳавӣ, инчунин фурудгоҳ ва саристгоҳои роҳи оҳан ба манфиати самараноки кор дониста шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520