Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои дохилаи Федератсияи Россия Рашид Нургалиев

22.10.2004 14:00, шаҳри Душанбе

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилаи Федератсияи Россия Рашид Нургалиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат атрофи муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи амалии созишномаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзорасида, ба хусус, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назари судманд карда шуд.

Дар муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия марҳилаи сифатан эътимодбахш оғоз ёфт, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки нахустин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли мусбати мушкилоти мавҷудаи робитаҳо мусоидат хоҳад кард. Созишномаҳои дар сатҳи олӣ ба имзорасида имконияти фарохи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва робитаҳои боз ҳам самарабахши мақомоти қудратии ҳарду ҷонибро таъмин менамояд.

Бо ифодаи ҷонибдорӣ аз ин андешаҳои Сарвари давлати Тоҷикистон вазири корҳои дохилаи Федератсияи Россия Рашид Нургалиев тазаккур дод, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии созишномаҳои муҳимми байнидавлатӣ талош хоҳад кард.

Дар вохӯрӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ба тарафҳо афзалиятноки пешгирӣ ва ошкор намудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамдастии дуҷониба дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таклифу пешниҳодҳои мушаххас ва асоснок баён гардид, ки дар оянда баҳри вусъати ҳамкориҳо такони нав хоҳад бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520