Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби Генералии НАТО Яаап Де Хооп Схеффер

20.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Шоми 20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Генералии НАТО Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд.

«Тоҷикистон, - қайд намуд Эмомалӣ Раҳмон, - боварӣ дорад, ки НАТО дастовардҳои назаррас дошта, метавонад барои муборизаи зидди таҳдиду хавфҳои имрӯза таҷрибаи ғаниро дар асосҳои дуҷониба ва бисёрҷониба истифода барад ва мо ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобил манфиатдорем».

Тарафҳо чунин изҳори ақида намуданд, ки вазъияти ҳозираи геополитикӣ ва масъалаҳои таъмини муштараки амният ҳамаи давлатҳои Шӯрои ҳамкории Аврупо ва Атлантикаро ба андозаи баробар вазифадор менамояд, ки проблемаҳои таъмини дастаҷамъии амнияту суботи минтақавиро ба таври ҷиддӣ ва бамулоҳиза баррасӣ намоянд.

Зикр шуд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Шӯрои ҳамкории Аврупо ва Атлантика ва барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» ҷузъи муҳимми сиёсати хориҷии он мебошад.

Тарафҳо қайд намуданд, ки дар мулоқоти Прага қабул шудани чунин ҳуҷҷатҳои муҳим, монанди «Нақшаи таъсири ҳамкорӣ дар муборизаи зиддӣ терроризм» ва «Таҳлили умумии фаъолияти Шӯрои ҳамкории Аврупо ва Атлантика» воситаҳои муҳимми фаъолияти якҷояи давлатҳо дар амри ҷилавгирии хавфу хатари террористӣ мебошанд.

«Иштироки мамлакати мо дар барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ», - қайд намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - унсури муҳимми сиёсати таҳким бахшидани амнияти миллӣ ва таъмини суботи муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя буда, ҳамчунин ба ҳамкории зич дар чаҳорчӯбаи механизмҳои аврупоии амният мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот аз рӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, сиёсӣ ва илмӣ, дар бахши таъмини бехатарии экологӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мубодилаи афкор барпо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳини гуфтушунид зикр намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки мақсад аз он густариши амнияти минтақа аст, ҳамеша шаффоф, амалӣ ва прагматӣ буд ва хоҳад монд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520