Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ

18.10.2004 13:00, шаҳри Душанбе

18 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар бӯстонсарои  ҳукуматӣ нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ибтидо гирифт.

Дар ҷараёни сӯҳбати муфассал ва пурмӯҳтаво маҷмӯи масъалаҳои ҳаётан муҳим барои кулли мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо дар мавриди он ки таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои халқу давлатҳои минтақа ва дар маҷмӯъ ҷомеаи башарӣ зуҳуроти хатарнок боқӣ мондааст, ҳамфикрӣ изҳор доштанд.

Рӯйдодҳои охири кишварҳои мухталифи олам, ба хусус, ваҳшонияти террористон дар Беслани Федератсияи Россия бори дигар собит кард, ки бояд бар зидди ин таҳдидҳои бераҳмона муборизаи муштаракро пурзӯр намоем, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони кишварҳо таҳия ва татбиқи марҳилавии стратегияи муттаҳидаро алайҳи терроризм ва дигар таҳдидҳои глобалӣ амри зарурӣ ва саривақтӣ маънидод карданд.

Дар марҳилаи кунунӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба таъсиси бозори ягонаи минтақавӣ ба манфиати умумии кишварҳои ҳамсоя аст, тазаккур дода шуд дар вохӯрӣ.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари фарогири робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сипас ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳо дар ҳузури ҳайатҳои васеъ оғоз ёфт.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки сол то сол нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ қавитар мегардад. Иштироки Федератсияи Россия ҳамчун узви комилҳуқуқ ба фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ такони нав бахшида, ба ҳалли муҳимтарин вазифаҳои дорои хусусияти стратегӣ, аз ҷумла амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар асоси масъалаи якуми рӯзномаи корӣ бо имзои Проткол аз ҷониби сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ Федератсияи Россия ба шартномаи миёни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба таъсиси ташкилоти «Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ» ҳамроҳ карда шуд.

Дар назди ҳозирин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои амиқу асоснок дар бораи пешрафту нишондиҳандаҳои назаррас ҳамзамон имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳои минтақавӣ, омилҳои халалрасони муносибатҳои серҷабҳа ба таври ошкоро изҳори назар кард. Аснои суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон бобати таҳкими робитаҳо дар самтҳои гуногун, ба хусус, истифодаи мақсадноки захираҳои табиии минтақа, фароҳам овардани шароитҳои фарохтари ҷалби сармоя, ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ ва беҳдошти робитаҳои илмию фарҳангӣ пешниҳодоти мушаххас баён кард.

Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи созишномаҳои қаблан қабулгардида, қарорҳои марбути ташкили консорсиумҳои обию энергетикӣ, озуқаворӣ ва нақлиётӣ дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, қарор дар бораи лоиҳаи консепсияи ташкили бозори умумии Осиёи Марказӣ, протокол дар бораи тартиби татбиқи шартнома ва қарори мулоқоти доираҳои соҳибкорони кишварҳои аъзо муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласа ноиби раиси ҳукумати интиқолии Исломии Афғонистон Ҳидоят Амин Арсаллоҳ ба ҳайси меҳмон иштирок намуд.

Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон қарори дахлдор қабул гардид.

Дар хотима сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштарак қабул намуданд.

Сарони давлатҳо бо назардошти муҳиммияти муттаҳид сохтани талошҳо бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми мазҳабӣ, хариду фурӯши маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб қарор доданд, ки номгӯи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии динӣ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ манъ карда шудааст, инчунин рӯйхати саркардагон ва аъзои ин ташкилотҳо омода гардонида шавад, ҳамзамон аз дигар мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват ба амал оварданд, ки ин иқдомро дастгирӣ намоянд.

Бо ҷонибдории комили сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ интихоб гардид. Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ аввали моҳи июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Дар нишасти матбуотӣ барои хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва меҳмони ҷаласа ноиби раиси ҳукумати интиқолии исломии Афғонистон Ҳидоят Амин Арсаллоҳ натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказиро бобарору судманд арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520