Нимаи дуюми рӯзи 16-уми октябр Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар фурӯдгоҳи пойтахт меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Ин аввалин ташрифи расмии роҳбари олимақоми Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ифтихори сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оркестр ва низомиёни фахрӣ саф оростанд. Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баъди арҷгузорӣ ба байрақи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб шинос гардиданд.
Сипас бо ифодаи эҳтиром ва сипос ба таърихи пурғановати халқи тоҷик Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар ин сафар Сарвари давлати Россияро як қатор роҳбарони вазорату идораҳои федеролии ин кишвар ҳамроҳӣ намуданд.