Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия Виктор Христенко ва раиси ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайс

14.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия Виктор Христенко ва раиси ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайс мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикӣ, ба хусус, бунёди неругоҳҳои барқии обии Сангтӯда ва Роғун ва дигар мавзуоти вобаста ба он баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо доир ба муҳимтарин паҳлӯҳои созишномаҳои ҳамкорӣ, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ба имзо хоҳанд расид, табодули назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520