Дар ду соли охир ин дуюмин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия мебошад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Шоҳи Белгия Алберти II дар қароргоҳи хеш истиқбол гирифт.
Сӯҳбат дар фазои созандаву эътимодбахш баргузор шуда, муҳимтарин паҳлӯҳои ҳамкориро дар ҷодаи иқтисоду тиҷорат фаро гирифт.Баъди мулоқоти аввал дар муносиботи дуҷонибаи кишварҳоямон пешравиҳои назаррас заминагузорӣ шуд, - бо қаноатмандӣ таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Шоҳи Белгия Алберти II бо ифодаи омодагии комили вусъати робитаҳо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта, имзои созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои равнақи муносиботи ояндадори Тоҷикистону Белгия аҳамиятнок баҳо дод.