Дар Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири Кулли Хартияи энергетикӣ Риа Кимлер мулоқот анҷом дод. Имзои ҳарчӣ зудтари протоколи транзитии миёни 51 мамолики узви Хартия барои ҳалли мусбати интиқоли транзитии нерӯи барқ ба манфиати кор аст, тазаккур дода шуд дар вохӯрӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорони таъсиси Хартияи Энергетикӣ мебошад, баён дошт Риа Кимпер ва илова намуд, ки захираҳои муқтадири обии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати мамолики узви Хартия қарор дорад.
Дар сӯҳбат ба масъалаҳои марбути консорсиуми Сангтӯда, мулоқоти дарпешистодаи вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Давлати Афғонистон оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва ташкилу баргузории тадбирҳои ҷаҳонии омӯзиш ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқи бештар зоҳир карда шуд.