Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия

08.10.2004 17:00, Чехия

Субҳи 8 октябр нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия аз рӯи муқаррароти анъанавии ин кишвар дар Қасри Прага бо мулоқоти пурмуҳтавою самимӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус ифтитоҳ ёфт.

Сарони ду мамлакати дӯст ин ташрифро омили устувори тавсеабахши робитаҳои дуҷониба ва поягузори заминаҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳо номида, доир ба маҷмӯи васеи масъалаҳои марбути муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштараки коркард, инчунин авзои байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Чехия манфиатдор аст, зеро он аз талошу хоҳишҳои мардуми ҳарду мамлакат асос мегирад ва аз Сарвари давлати Чехия даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёрад.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус бо ифодаи ҳамфикрӣ бо мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия дар нақшаҳои корӣ ва барномаҳои давлатии солҳои 2005-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва дар ҳамин замина таҳия ва татбиқи як қатор созишномаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар назар аст.

Дар мулоқот ҳамзамон ба мавзӯи дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бахусус иштироки фаъолонаи Чехия дар консорсиуми Сангтӯда, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди зироат, пахта, алюминий ва дигар масоили вобаста ба он баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ватслав Клаус барои ҷонибдории пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон дар мавриди эълони соли байналмилалии оби тоза ва даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» изҳори сипос карда, ҷониби Чехияро барои иштирок дар даҳаи оби тоза, ки моҳи апрели соли 2005 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват кард.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус дар ҳузури ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб зарурат ва аҳамияти ба сатҳи болотар баровардани асосҳои қарордодӣ ва ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароитҳои фарохи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкории соҳибкорон, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва робитаҳои илмию техникӣ махсус таъкид ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба ин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия ҳар ду тараф омодагии қавӣ гирифта буданд. Ҳайатҳои гуногунпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия бо анҷоми сафарҳои ҷавобии корӣ дар Душанбе ва Прага як қатор созишномаҳои ҳамкориро бо назардошти афзалиятнокии дуҷониба таҳия намуданд.

Маросими имзои созишномаҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус ҷараён гирифт.

Нахуст ба Созишномаи кредитии байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ва бонки содироти Чехия директори корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов ва Президенти бонки содироти Чехия Йозеф Таубер имзо гузоштанд.

Ёддошти тафоҳуми натиҷаи гуфтушунидҳои байни вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати саноат ва савдои Чехия аз ҷониби вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва вазири саноат ва савдои Чехия Мартин Тлапа ба имзо расид.

Ниҳоят сарони кишварҳо ба эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус имзо гузоштанд.

Бо имзои санадҳои ҳамкорӣ тавсеа ва рушди робитаҳои ба ҳар ду тараф манфиатнок вусъати нав пайдо хоҳад кард.

Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус зимни посух ба саволҳои сершумори хабарнигорон аз натиҷаҳои ташрифи нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чехия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷумҳурии Чехия яке аз мамолики пешрафтаи Аврупо буда, бо маҳсулоти баландсифати хеш нуфузи хоса дорад. Дар ҷараёни нахустин сафари расмӣ ба ин кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла заводи маснуоти булӯрии Мозер боздид ба амал оварда, ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнисоҳавӣ, ташкили намоиш ва фуруши маҳсулоти Тоҷикистону Чехия дар Прага ва Душанбе таклифҳои ҷолиб пешниҳод кард.

Дар соҳаи гидроэнергетика мутахассисони чех таҷрибаи мукаммал доранд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти нерӯгоҳи барқию обии Орлик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати мухтахассисони соҳаи барқи Чехияро ба аҳамият ва арзиши беназири истифодаи захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кард. Сарвари давлат изҳор намуд, ки ҷалби сармоя ба соҳаи истифодаи манбаъҳои фаровони обии Тоҷикистон характери стратегӣ дошта, манфиати беандоза ба бор хоҳад овард. Мо омодаем таҷриба ва имкониятҳои техникии худро барои татбиқи амалии 25 лоиҳаи хурду бузурги энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем, таъкид доштанд соҳибкорони чех дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар сӯҳбати самимию созанда доир ба ташкили вохӯриҳои силсилавии соҳибкорони ҳар ду кишвар таҳия ва амали гардонидани барномаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Сафари аввалини расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия қадами боварибахши сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо ин мамлакати пешрафтаи Аврупо марҳилаи сифатан навро оғоз кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520